Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худсӯзии як роҳиби буддоӣ дар вилояти Сичуан


Мақомоти Чин гуфтанд, ки як марди дар тан либоси роҳибӣ худро дар шаҳри Абаи Тибет оташ задааст. Шӣ Ҷун, раҳбари Ҳизби коммунисти минтақа гуфт, ин мард аз дайри Киртӣ берун шуда, худро дар кӯча оташ зад. Ба гуфтаи ин мақом, пулис алайҳи эътирозгар оташ кушода ва баъдан ӯро, ки ноҳияи сар ва гарданаш сӯхта буд, ба бемористон бурдаанд.
XS
SM
MD
LG