Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай хостори интихоботи саривақт шуд


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ бояд тибқи Қонуни Асосӣ, яъне то 21 май доир шавад. Дар баёнияи дафтари раёсатҷумҳурии Афғонистон омадааст, ки Ҳомиди Карзай бо тақозои парлумон ва Шӯроҳои вилоятиву ноҳиявӣ дар мавриди дар замони таъйинкардаи Қонуни асосӣ баргузор кардани интихобот розист. Ин дар ҳолест, ки Куммиссиюни интихоботи Афғонистон ахиран ба далели камбудиҳои фаннӣ эълон кард, ки интихоботи ҷадиди раёсатҷумҳурӣ 3 моҳ дертар, яъне 20 август баргузор хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG