Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои рӯфтани минаҳо 10 соли дигар хост


Мақомоти маркази миллии минарӯбии Тоҷикистон мегӯянд, тавони то моҳи апрели соли оянда пок сохтани ҳама майдонҳои минагузоришуда дар қаламрави кишварро надоранд. Душанбе тааҳҳуд супурда буд, то моҳи апрели соли 2010 тамоми майдонҳои минаашро пок ва истифодаи минаҳоро комилан манъ мекунад. Аммо Ҷонмаҳмад Раҷабов, раиси маркази миначинии Тоҷикистон, гуфт, ба иллати камбуди сармоя иҷрои саривақти ин барнома номумкин шудааст ва онҳо барои пурра пок сохтани қаламрави кишвар аз мина ба дастикам 10 соли дигар зарурат доранд.
XS
SM
MD
LG