Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тариқихон гуфт, Толибон дар Боҷаур шикаст хӯрданд


Генерали покистонӣ Тариқхон гуфтааст, ки нирӯҳои давлатӣ ҷангиёни толибро аз яке аз паноҳгоҳҳои онон дар марз бо Афғонистон берун кардаанд. Генерал Тариқхон гуфт, коҳиш ёфтани фаъолиятҳои ҷангиён дар минтақаи Боҷаур амре мавсимӣ нест, балки чирикиҳо баъди беш аз як соли набардҳо ва зери даст овардани назорати роҳҳои Боҷаур инак шикаст хӯрданд. Боҷаур яке аз пойгоҳҳои умдаи ҷангиёни тарафдорони Толибон дар марзи Покистон бо Афғонистон маҳсуб мешуд.
XS
SM
MD
LG