Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти изтирории ҳавопаймои руминӣ


Як ҳавопаймои мусофирбари Руминия бо 51 сарнишин ба ҳангоми фуруд омадан дар ғарби ин кишвар нишасти изтирорӣ анҷом дод, вале касе аз сарнишинонаш осеб надидааст. Сухангӯи фурудгоҳи шаҳри Тимишоара гуфт, ҳавопаймо қабл аз нишастан қариб ду соат гирди фурудгоҳ чарх зад ва сипас рӯи ҳавзи кафке, ки ҳавопаймоҳои сӯхторнишон рӯи майдони фурудгоҳ рехтанд, нишаст. Ҳавопаймо ба ширкати руминии “КарпатЭйр” тааллуқ дошта, аз Кишинёв, пойтахти Молдова, парвоз мекард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG