Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Солана аз навори Ғазза


Хавйер Солана, раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА, аз сарзаминҳои ҷангзадаи фаластинӣ дар навори Ғазза дидан кард. Аз замони таҳти назорати гурӯҳи тундрави Ҳамос омадани навори Ғаза, яъне тайи ду соли охир, Солана баландтарин мақоми Иттиҳодияи Аврупост, ки аз ин минтақа боздид мекунад. Солана дар Ғазза бо намояндагони СММ ва ҷомиаи фаластиниҳо гуфтугӯ кард, вале тибқи бойкоти алайҳи Ҳамос ҷорикардаи ИА, аз мулоқот бо намояндагони он худдорӣ варзид. Солана аммо аз талошҳои ахир ҷиҳати оштӣ додани гурӯҳҳои рақиби фаластинӣ -Ҳамос ва Фатҳ - пуштибонӣ кард.
XS
SM
MD
LG