Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Юшенко ба ниҳодҳои байналмилалии молӣ


Раисиҷумҳури Украина Виктор Юшенко ба Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ ваъда супурд, ки Киев бо ин ду қарздиҳандаи бузургтаринаш ба хотири мурооти шароити қарордодҳои қарзӣ, аз ҷумла дар амри коҳиш додани касри будҷет, ҳамкорӣ хоҳад кард. Юшенко як рӯз баъд аз музокироташ бо сарвазир Юлия Тимошенко, раиси парлумон ва раҳбари мухолифин ба ин ду ниҳоди молӣ номаи расмӣ навишт. Сандуқи байналмилалии пул, ки қаблан ба хотири наҷоти иқтисоди Украина аз бӯҳрон наздики 16 миллиард доллар қарз ҷудо карда буд, ба далели ихтилофи назарҳояш бо мақомоти Украина иттихози бастаи дуввуми 1 миллиарду 840-миллиондолларии ин қарзро муттаваққиф кард.
XS
SM
MD
LG