Пайвандҳои дастрасӣ

Бағдод аз тасмими Обама хуш истиқбол кард


Ноиби раисиҷумҳури Ироқ Тариқ Ҳошимӣ аз тасмими раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар мавриди тайи 18 моҳи оянда аз Ироқ берун кашидани нирӯҳои Амрико истиқбол кард. Аммо ӯ афзуд, ки Ироқ дар роҳи эъмори ҳукми қонун ҳанӯз мӯҳтоҷи кӯмак аст ва Вошингтон бояд дар амри кӯмак ба Ироқ ҳамоно масъулияти бузург эҳсос кунад. Сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ гуфт, нирӯҳои амниятии Ироқ озмуда шудаанд ва нишон доданд, ки метавонанд нирӯҳои Амрикоро иваз кунанд. Обама рӯзи ҷумъа эълон кард, ки кулли нирӯҳои ҷангии Амрико то поёни моҳи августи соли оянда аз Ироқ берун кашида хоҳанд шуд. Хуруҷи кулли асокири Амрико аз Ироқ бояд то поёни соли 2011 анҷом шавад.
XS
SM
MD
LG