Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷузъиёти тозаи даргирӣ дар Шӯрообод


Шаби ҷумъа ба шанбе, бар асари як даргирии сангин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ду афсари Ожонсии мубориза алайҳи маводи мухаддир кушта ва се марзбони тоҷик захмӣ шуданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Шӯрообод хабар дод, ки ин даргирӣ дар мавзеъи Сариғори ин ноҳияи марзӣ рух дода, қочоқбарони афғон, ба эҳтимоли ғолиб, ба хотири гирифтани интиқоми 6 қочоқбари чанде пеш дар мавзеъи Қавоқи ин марз кушташуда болои нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон шабехун задаанд. Аз аввали соли ҷорӣ ин бори севвум аст, ки дар ин минтақаи марз бо Афғонистон чунин даргириҳои сангин рух медиҳанд. Дар ду даргирии аввал 9 қочоқбари афғон кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG