Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонон – умеди Вйетнам ба ояндаи нек


Соҳибкорони хориҷӣ мегӯянд, нерӯи ҷавон ва босаводи корӣ дар Вйетнам беҳтарин умед барои аз чанголи буҳрони ҷаҳонии молӣ шудан ва асоси рушди муназзами кишвар гардидан мебошад.

Ҳарчанд Вйетнам барои муддати кӯтоҳе аз мушкилоти фаровони иқтисодӣ эмин буд, аммо акнун заҳри неши буҳронро мечашад, чун рушди иқтисодӣ дар кишвар то 6,2 дарсад расидааст, ки пойинтарин сатҳ дар як даҳаи ахир мебошад. Ҳарчанд чунин сатҳи рушд аз рӯи меъёрҳои ғарбӣ мояи рашк аст, аммо барои ҳукумати коммунистӣ ва аҳолии 86-миллион нафараи Вйетнам, ки шоҳиди рушду шукуфоии зуде буданд, мояи нигаронист.

Ба гуфтаи тоҷирони ғарбӣ, захираи хубе, ки ҳоло Вйетнам дорад, аҳолии зери синни 35-сола доштан ва саводнокии саросарӣ дар он аст, ки то 95 дарсадро ташкил медиҳад – чизе ки Жопуни босуръат пиршаванда танҳо орзу мекунад.

Том Тобин, мудири иҷроияи бахши вйетнамии бонки HSBC, мегӯяд, новобаста аз коҳиши рушди иқтисодӣ онҳо интизор доранд, ки бо чунин нерӯи ҷавони корӣ тавлидот дар Вйетнам дар даҳ соли оянда қавӣ боқӣ мемонад. Ӯ меафзояд, вақте шумо дар Вйетнам давр мезанед, эҳсос мекунед, ки ҷоест ҷавон ва таҳсили ибтидоӣ дар кишвар ҳам хеле хуб аст. Ба гуфтаи вай, забони англисиро дар инҷо аз синни 5-солагӣ ёд медиҳанд ва таълими забони чинӣ ҳам беш аз пеш ривоҷ меёбад.

Сутому Ёкояма, мудири бахши вйетнамии ширкатии жопунии "Никиссо", ки ин ширкат дар пойтахти Вйетнам шаҳри Ҳошимин таҷҳизоти тиббӣ тавлид мекунад, мегӯяд, вйетнамиҳо як навъ ба жопуниҳо монанданд. Ба бовари Ёкояма, ҷавонони вйетнамӣ босаводанд ва мехоҳанд, ки беҳтар бошанд, гузашта аз ин, тарзи тафаккурашон дар робита ба кор мисли тарзи тафаккури жопуниҳост.

С. Ёкояма аз мушоҳидаҳояш мегӯяд, ки сифати нерӯи кории Вйетнам 4 маротиба беҳтар аз нерӯи кории Тайиланди ҳамсоя аст. Чанде аз коргузорони намояндагиҳои ширкатҳои дигари хориҷӣ дар шаҳри Ҳошимин бар инанд, ки ҷавонони вйетнамӣ боғайрату кӯшо ҳастанд.

Аммо дар баробари ин ҳама хислатҳои хуб, нуқси ҷавонони Вйтнамӣ ҳам кам набудааст. Аз ҷумла, хатмкунандаҳои донишгоҳҳои зиёде, ки дар Вйетнам сабзидаанд, дониши кофӣ надошта ва ба тамрини изофӣ муҳтоҷ будаанд. Дигар аз одоти онҳо, тарки зуд-зуди ҷои кор, напазируфтани одобу шеваи рафтор дар муассиса ва, ба гуфтаи як коргузори хориҷӣ, надоштани фарҳанги эҳтиёт дар корхонаҳои саноатӣ будааст. Бруно Ле Рой, намояндаи ширкати нафтии Фаронса «Текнип», мегӯяд, ки нерӯи кории ин кишвари осиёӣ ба меъёрҳои сифат ва амният дар корхонаҳои газу нафт ҳанӯз одат накардаанд.

Ким Ҷей Йонг, муовини ширкати саноатии Дусани Куриёи Ҷанубӣ, гуфтааст, як сабаби ифтитоҳи намояндагии корхонаашон дар Вйетнам “устодкории” мардуми ин кишвар будааст. Аммо ӯ ҳам ёдовар мешавад, ки чи гуна барои ҳифзи ҷони худи коргарони бепарвои маҳаллӣ, мӯзаҳои махсус хариданд, то онҳо бо пойафзорҳои сабукашон рӯи фарши хатарнок налағжанд. Ким Ҷей Йонг ҳамчунин, дигар одати ҷавонони вйетнамиро танқид кардааст, ки зуд зуд ҷойи кори худро иваз мекунанд ва тафаккури пешрафт дар як ҷои корро надоранд. Айни чизе, ки 20 сол пеш дар Куриёи Ҷанубӣ ҳам будааст. Ба ақидаи ин мутахассис, бояд ба ҷавонони вйетнамӣ одат ва шеваи рафтор дар корро омӯхт ва айни замон онҳоро аз одати пешинаи ҷавонони куриёӣ дур кард.
XS
SM
MD
LG