Пайвандҳои дастрасӣ

Нируҳои Озарбойҷон дар Афғонистон 90 нафар шуд


Элдар Собируғлӣ-сухангӯи вазорати дифоъи Озарбойҷон гуфтааст, Боку шумораи нируҳояш дар Афғонистонро, ки дар таркиби нируҳои НАТО 45 нафарро ташкил медод, ду баробар афзоиш дода, то ба 90 нафар расондааст. Барои афзоиши ин нируҳо порламони Озарбойҷон моҳи октябр рай дода буд. Ҳоло дар таркиби Нируҳои байналмиллалии кӯмаки амниятии зери фармондеҳии НАТО дар Афғонистон беш аз 51 ҳазор нафар низомиён аз 40 кишвар хидмат мекунанд.

XS
SM
MD
LG