Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Моликӣ: Ироқ бояд аз пойбандӣ ба нафт раҳо ёбад


Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ дархост кардааст, ки ба пойбандии кишвараш ба нафту гоз бояд хотима дод. Ҳоло нафту гоз дар Ироқ ягона сарчашмаи даромади ин кишвар ба шумор меравад. Имрӯз оқои Моликӣ зимни суханони худ дар Бағдод изҳор дошт, ки Ироқ бояд бахшҳои мухталифи иқтисоди худро ба кор андозад. Вай гуфт, барои таҳияи барномаҳои нави иқтисодӣ вақт "хеле маҳдуд" аст. Ироқ аз аз поин рафтани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба таври ҷиддӣ зарар дид. Нахуствазири Ироқ афзуд, кишвараш ба коршиносони хориҷӣ ниёз дорад, то бахшҳои нафтро густариш диҳанд ва саноеъи нафтро дубора фаъол созанд.

XS
SM
MD
LG