Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Абхозистон ихроҷи гурҷиҳоро рад мекунад


Гурҷистон мегӯяд, нируҳои ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон шаби гузашта даҳҳо хонаводаи гурҷиро аз қаламрави ин ҷумҳурӣ ихроҷ кардаанд. Вазорати дохилаи Гурҷистон мегӯяд, нируҳои Абхозистон ҳудуди 50 хонаводаро аз деҳи Отобая ихроҷ кардаанд ва дар ин маҳал амалиёти ҷустуҷӯ анҷом додаанд. Ин иттиҳомотро мақомоти Абхозистон рад кардаанд. Деҳи Отобаяи Абхозистон дар минтақаи шарқии Галӣ воқеъ аст ва дар ин деҳ гурӯҳи бузурги гурҷитаборон ба сар мебаранд. Онҳо шиква мекунанд, ки мавриди таҳқир қарор мегиранд.

XS
SM
MD
LG