Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкориҳои тиббии Тоҷикистону Яман тавсеа меёбад


Дар поёни музокироти ҳайатҳои Тоҷикистон ва ҷумҳурии Яман миёни вазоратҳои беҳдошти Тоҷикистон ва Яман як қарордоди ҳамкорӣ имзо шуд. Сарпарастии ҳайати Яманро Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ-раиси ҷумҳури он кишвар бар ӯҳда дорад. Вай барои як боздиди расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад. Баъд аз музокирот Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба рӯзноманигорон гуфт, Тоҷикистон дар ҳамкориҳои худ бо Яман ба бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва мухобироту энержӣ аҳамият қоил аст. Дар ҷараёни боздиди ин ҳайат кумиссиюни муштараки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Яман ташкил шуд.
XS
SM
MD
LG