Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки тиббии Амрико ба Тоҷикистон


Созмони "ҲОУП" -и Амрико ба арзиши беш аз 7 миллиону 800 ҳазор доллар дору дар ихтиёри Тоҷикистон гузошт. Ин кӯмаки тиббӣ барои истифодаи ройгон дар ихтиёри аҳолии ин кишвар гузошта мешавад. Имрӯз Трейсӣ Энн Ҷейкобсон-сафири Амрико дар Тоҷикистон ва Даниэл РозенблумҲамоҳангсози кӯмакҳои Амрико дар Аврупо ва Авруосиё бо Соҳибназар Раҳмонов-муовини вазири беҳдошти Тоҷикистон ба арзиши 1 миллиону 600 ҳазор доллар инсулин ба маркази эндокренологии Душанбе гузоштанд. Ин миқдор инсулин ниёзмандии тамоми беморони қандро барои як сол бароварда месозад.

XS
SM
MD
LG