Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин будҷаи давлати Обама муъаррефӣ шуд


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико нахустин будҷаи давлатии худро муъаррефӣ кард. Ин будҷа, ки барои соли 2010 пешбинӣ шудааст, аз 3 триллиону 500 миллиард доллар иборат аст. Барои анҷоми ислоҳот дар бахши беҳдошти Амрико маблағи ҳангуфт пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин пардохти молиёт барои сарватмандони ин кишвар боло хоҳад рафт. Дар будҷа аз сиёсатҳои пешгирифтаи давлати Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури пешин ба таври қобили мулоҳиза сарфи назар мешавад ва сарфи маблағ бештар дар бахшҳое пешбинӣ шудааст, ки Барак Обама дар ҷараёни маъракаи интихоботиаш беҳбудӣ дар он бахшҳоро ба мардум ваъда дода буд. Обама гуфт:


"Ҳамзамон бо илова ба бахшҳои дорои каср мо бояд дар муддати кӯтоҳ ба хонаводаҳо сабукиҳои фаврӣ фароҳам орем ва иқтисоди мо бояд ба ҳаракат дарояд. Ин танҳо аз роҳи барқарории низоми дақиқ дар баландмуддат ба даст меояд, ки мо метавонем рушди устувор ва пешрафти умумиро таъмин кунем".

Дар будҷаи соли 2010, яъне нахустин будҷаи давлати Барак Обама 200 миллиард доллар барои масорифи ҷанги Амрико дар 18 моҳи оянда, 75,5 миллиард доллар барои тақвияти амалиёт дар Афғонистон ихтисос дода шудааст. Дар будҷа 1 триллиону 75 миллиард доллар барои касри будҷаи соли 2009 ё 12,3 дарсади даромади нохолиси миллии Амрико дар назар гирифта шудааст, ки аз замони дуввумин ҷанги ҷаҳонӣ бузургтарин маблағ мебошад.

XS
SM
MD
LG