Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳ. Маъруфова: Орзу дорам фарзандам қаҳрамони ҷаҳон шавад


Ҳадиса Маъруфова (аз тарафи рост) ҳини шоҳмотбозӣ
Ҳадиса Маъруфова (аз тарафи рост) ҳини шоҳмотбозӣ

Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.

Нашри тозаи маҷалла бо хабарҳои варзиши ҷаҳон оғоз мешавад.

Президенти Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Жак Рогге ҳангоми як сафари кориаш ба Канада гуфтааст, ки ба бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ нигоҳ накарда, Олимпиадаи зимистонаи соли 2010 дар Ванкувер бомуваффақият баргузор хоҳад шуд. То оғози бозиҳо камтар аз як сол мондааст. Маросими кушоиши бозиҳо 12-уми феврали соли 2010 доир мегардад. Буҷаи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Ванкувер 1 миллиарду 63 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ҳукумати Бразилия кафолат дод, ки барои баргузории Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 14,4 миллиард доллар ихтисос хоҳад дод. Ин аз ҳама буҷаи бузург байни муддаъиёни мизбони Олимпиадаи 2016 мебошад. Бояд тазаккур дод, ки буҷаи Олимпиадаи Лондон-2012 16 миллиард долларро ташкил медиҳад. Агар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар муборизаи муддаъиён пирӯз шавад, аввалин шаҳр дар Амрикои Ҷанубӣ мегардад, ки дар он Бозиҳои олимпӣ баргузор хоҳанд шуд.

Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Аргентина, ситораи маъруф Диего Марадона бобо шудааст. Набераи Марадона Бенҷамин аз духтари бузургаш Ҷанина ва футболбози Реал Мадрид Серҷио Агуэро 19-уми феврал ба дунё омад. Дар ҷавоб ба суоли хабарнигорон Марадона гуфт, ки ибтидо фикр мекард, бо таваллуди набера ӯ худро кӯҳансол эҳсос хоҳад кард, вале ба қавли ин ситораи футбол вақте ӯ набераашро дид, саршор аз ҳаёт шуда, хоҳиши ҷадиди зистанро пайдо намудааст. Баъди пирӯзии мунтахаби Аргентина бар Фаронса дар шаҳри Марсел эътибори Марадона ба ҳайси мураббӣ боло рафтааст, аммо ҳанӯз ҳам номи ӯ дар иртибот бо ҳодисаҳои номатлуб ёд мешавад. Ахиран мошини Марадона дар тасодуфе иштирок намуд, ки боиси ҷароҳати ду нафар гардид, вале ӯ мегӯяд, ки ҳангоми ин ҳодиса дар сари рул набудааст.

Довари маъруфи футбол Пиерлуиҷи Коллина гуфтааст, Раёсати Анҷумани байналмилалии футбол масъалаи ҷорӣ кардани корти норанҷӣ дар қоидаҳои футболро мавриди баррасӣ қарор додааст. Тибқи барнома корти норанҷӣ футболбозро барои муддати муайян аз майдон хориҷ мекунад. Коллина гуфтааст, дар наздиктарин рӯзҳо Раёсат пешниҳоди федератсияи футболи Ирландияи Шимолӣ дар ин мавридро баррасӣ хоҳад кард. Ва афзудааст, корти норанҷӣ барои мавридҳое зарур аст, ки корти сурх дар ҳолат ҷазои сангинтар ба назар мерасаду корти зард, яъне огаҳӣ ҷазои сабук.

Рӯзи чоршанбеи 25-уми феврал чор мураббии футболи Чин барои озмоиш даъват шуданд. Яке аз онҳо рӯзҳои наздик сармураббии дастаи мунтахаби ин кишвар интихоб мешавад. Дар як пойгоҳи варзишӣ, ки номи он ошкор нашудааст, мураббиён дар майдон намоиши 15 дақиқаӣ доир намуда, сипас хаттӣ ба суолҳои масъулони варзишу фарҳанг посух медиҳанд.

Охирин мураббии хориҷии дастаи мунтахаби футболи Чин

Владимир Петровичи серб буд, ки баъди нокомии Чин дар бозиҳои интихобии Ҷоми соли 2010-ум аз вазифа барканор гашт.
Ахиран раиси Иттиҳодияи футболи ҷаҳонӣ - ФИФА - Йозеф Блаттер Чинро танқид намуда, гуфта буд, ин кишвар барои пешбурди умур мураббиёни хориҷиро даъват менамояд, вале ҳамон лаҳзае, ки натиҷаи дилхоҳ ба даст наёмад, онҳоро барканор мекунад.
Сипас дар бораи ба вазифаи президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар интихоб шудани раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ассамблеяи ҳисоботию интихоботии КМО гузориш медиҳем.

Шатранҷбози ҷавони тоҷик Муҳаммадхоҷа Ҳусейнхоҷаев дар ҷашнвораи байнулмилалии «Aeroflot Open-2009» дар шаҳри Маскав дар сабқати «В» бо 5 имтиёз байни 80 нафар ҷои 32-юмро касб кард. Вай 4 ғалаба ба даст оварда, дар 3 бозӣ мағлуб шуд ва 2 бозиро мусовӣ анҷом дод. Ва дар ин барнома сӯҳбате дорем бо модари Муҳаммадхоҷа, омӯзгори мактаби миёнаи шумораи 52-и шаҳри Исфара, шатранҷбози моҳир Ҳадиса Маъруфова. Вай мегӯяд: «Орзу дорам, ки фарзандам Муҳаммадхоҷа қаҳрамони ҷаҳон шавад».

Инчунин дар ин барнома гузориш дар бораи вазъи кунунии ҳандбол дар Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG