Пайвандҳои дастрасӣ

Обама тарҳи буҷаи Амрикоро муаррифӣ кард


Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико тарҳи буҷаи соли 2010-ро муаррифӣ кард, ки 3 триллиону 600 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Ин буҷа бояд Амрикоро аз вартаи бӯҳрони иқтисодӣ берун кашад. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ҳамзамон интизор меравад, ки касри буҷа дар соли равон бузургтарин аз замони ҷанги дуввуми ҷаҳон хоҳад шуд ва ба як триллиону 750 миллиард доллар хоҳад расид.

Гуфта мешавад, ки дар буҷаи нав барои хадамоти тиббӣ 634 миллиард доллар тахассус дода шудааст, 250 миллиард доллар барои, ба истилоҳ, “рӯзи сиёҳ” ҷудо шудааст, яъне ин маблағ дар ҳоле сарф хоҳад шуд, ки агар дубора зарурати наҷоти бонкҳои кишвар ба миён ояд. Ва аммо гуфта мешавад, ки ин арқом ҳамагӣ тахминиянд – ҷузъиёти ниҳоии буҷа моҳи апрел эълон хоҳад шуд.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, дар паёми худ бори дигар ваъда дод, ки андоз барои мардуми сарватманд ва тоҷирон боло бурда мешавад ва ҳамзамон молиёт барои 95 дарсади аҳолии кишвар поин хоҳад рафт. Ба гуфтаи коршиносон, аз ин баъд афроде, ки даромади солонаашон аз 200 ҳазор доллар бештар аст ва ҳамчунин хонаводаҳое, ки солона беш аз 250 ҳазор доллар дарёфт мекунанд, аз бархе имтиёзҳои молиявӣ маҳрум хоҳанд шуд ва ба ин васила маблағи молиёти онҳо афзоиш хоҳад ёфт.

Барак Обама изҳор намуд, ки ин чораҳо ҳамроҳ бо эҳёи интизоми молӣ боиси ба, гуфтаи ӯ, “болоравии пойдор” хоҳанд шуд. “Мо бояд дар мӯҳлати кӯтоҳ сабукӣ барои хонаводаҳои амрикоиро таъмин намоем ва ба рушди иқтисод такон бубахшем. Ин фақат дар сурати эҳёи низоми молӣ мумкин аст. Он вақт мо ба болоравии пойдор ва шукуфоӣ барои ҳар фард комёб хоҳем шуд. Ин аст ҳадафи буҷае, ки ман барои баррасӣ ба Конгресс пешниҳод мекунам.

Барак Обама ваъда кард, ки буҷаи нав вазъи воқеии иқтисодии кишвар ва аз ҷумла, “нархи асли”-и амалиёти низомӣ дар Ироқу Афғонистонро инъикос хоҳад кард. Ширкат дар ин ду ҷанг дар яку ним сол, аз рӯи ҳисобу китоби сарвари ИМА, тақрибан 200 миллиард долларро талаб мекунад.
XS
SM
MD
LG