Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон хабари бар асари тарма кушта шудани шаш сокини водии Зарафшон дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷандро таъйид кард.

Дӯстмурод Забиров, сухангӯи кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, гуфт, ин ҳодиса субҳи 26-уми феврал дар наздикии нақби Истиқлол рух дод. Ба қавли ӯ, афроди кушташуда дар як мошини Шевроле аз Душанбе ба Панҷакент ҳаракат мекардаанд, ки тақрибан сесад метр қабл аз даромадгоҳи нақби мазкур ногаҳон тарма фаромада, мошинро ба коми худ кашидааст.

Дар миёни афроди ба ҳалокатрасида панҷ нафар аъзои як оила аз деҳаи Мадовраи ноҳияи Панҷакент, аз ҷумла Наврӯзов Абдухалил (55-сола), Маҳфузаи Хусрав (17-сола), Худоёров Абдубасири (50-сола) ва фарзандони мактабхони ӯ Мастонаи Абдубасир (22-сола) ва Насибаи Абдубасир (13-сола), ҳамчунин як донишҷӯ аз деҳаи Кумарви ноҳияи Айнӣ бо номи Одинаев Фирдавс (25-сола) будаанд.

Дӯстмурод Забиров гуфт, ки гурӯҳи наҷоти Кумитаи ҳолатҳои изтирории кишвар баъди шунидани хабари зери тарма мондани мошину мусофирон ба ҷои ҳодиса расида, ҷасадҳоро аз зери тарма берун кардааст.

Оқои Забиров, иллати аслии вуқӯъи ин фоҷиаро беэътиноии ронандагону мусофирон ба ҳушдорҳои кумитаи ҳолатҳои изтирории кишвар унвон дод. Вай гуфт, ин ҳодиса дар ҳоле ба вуҷуд омадааст, ки ин ниҳоди давлатӣ рондани мошинҳоро аз чанд руз қабл дар ин ҷода хавфнок эълон карда, аз мардум тақозо кард, то аз равуо дар ин ҷода худдорӣ кунанд.

Аммо шоҳидони айнии ин ҳодисаи даҳшатнок каммасъулиятии мақомоти роҳу умури изтирории кишварро сабаби ба вуҷуд омадани ин фоҷиа медонанд. Абдумудассир Аҳмадзода, муовини сармуҳаррири нашрияи «Тоҷикистон», яке аз шоҳидони ин ҳодиса мегӯяд, гурӯҳи наҷоти Кумитаи умури изтирорӣ ба таъхири тақрибан 6-соата ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуд. Вай гуфт, то омадани кормандони кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ як булдозери сохтмончиёни эронӣ як-ду соат талош дошт, ки тармаро тоза карда, афроди зери он мондаро берун гирад, аммо ба иллати камбуди маводи сӯхт ҷустуҷӯро қатъ кардааст.

Шоҳидони ҳодиса нақл мекунанд, ки тарма мошини ҳалокшудагонро камтар аз як метр рӯпӯш карда буд ва мусофирони он на аз зарба, балки аз нарасидани ҳаво ҷон додаанд. Гуфта мешавад, ҷисмҳои онҳо захм надоштаанд ва бархе аз онҳо каме пештар аз замони берунории ботаъхири гурӯҳи наҷотдиҳанда беҷон шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола дар ин ҷода чандин ҳодисаи зери тарма мондани ронандагону мусофирон аз сӯи мақомот ба қайд гирифта мешаванд. Соли гузашта низ дар наздикии нақби Истиқлол 12 тан кушта шуданд ва бештар аз 100 нафар мусофирону ронандагон тайи чанд рӯз дар муҳосираи тарма бенону об музтар монданд ва кормандони кумитаи умури изтирории кишвар бо таъхир ва булдозерҳои вазорати роҳи кишвар баъди чанд рӯз ба маҳалли ҳодиса омаданд, ки дар сурати таъхири бештар имкон дошт таҳти таъсири сардии бесобиқаи зимистон ва адами обу ғизо он тӯдаи мардум ҳалок шавад.

Коршиносон мегӯянд, дар кули кишварҳои олам барои саривақт расидани наҷотдиҳандагон дар чунин минтақаҳои хавфнок гурӯҳҳои изтирорӣ ба таври ҳамешагӣ фаъолият мекунанд. Масалан, дар Гурҷистону Арманистон ситодҳои наҷот дар чунин манотиқи хавфноки кӯҳӣ шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.

Хилватшоҳи Маҳмуд, таҳлилгари мустақил, мегӯяд, Тоҷикистон низ бояд дар минтақаҳои хавфнок барои расидагии бетаъхир ба мушкили мардум чунин ситодҳои доимоамалкунандаи наҷотро ташкил диҳад. Вай гуфт, агар ҳукумат ба мисли кишварҳои дигар дар минтақаҳои хавфнок ситодҳои доимоамалкунандаи наҷот ташкил медод, шояд шумораи қурбониҳои ҳодисаҳои табиӣ коҳиш меёфт.

Сухангӯи кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон мегӯяд, феълан кормандони мақомоти зиддахли Тоҷикистон роҳро аз тарма озод кардаанд ва равуо дар он идома дорад, вале ҳар лаҳза хавфи фаромадани тарма ва дубора масдуд шудани ин роҳ аз байн нарафтааст.

Вале ба гуфтаи Абдумудассир Аҳмадзода, ки феълан дар маҳалли ҳодиса мебошад, то ҳоли ҳозир роҳ аз барф тоза нашудааст ва дар ду самти нақб даҳҳо мошини мусофирбар ва боркаш дар муҳосираи тарма дармондаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG