Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи машваратҳо дар бахши мубориза бо ифротгароӣ


Машваратҳои сеҷониба миёни ИМА, Покистон ва Афғонистон оид ба мубориза бо ифротгароӣ идома хоҳанд кард. Дар ин бора Ҳилларӣ Клинтон, Котиби давлатии Амрико баъд аз мулоқот бо вазири хориҷаи Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ ва раиси идораи сиёсати берунаи Афғонистон Рангин Додфар Спанто дар Вошингтон хабар дод. Ба ҷуз ин мулоқоти сеҷониба, вазирони хориҷаи Покистон ва Афғонистон бо ҳам мулоқоти алоҳида доштанд. Ба гуфтаи хонум Клинтон, ҳадафи машваратҳо - таҳияи стратегияи нави мубориза бо ифротгароӣ ва таъмини амният дар Афғонистон ва Покистон аст.
XS
SM
MD
LG