Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиаи нав дар гарданаи Анзоб


Дирӯз шаш тан аз сокинони ноҳияҳои Панҷакент ва Айнӣ дар наздикии даромадгоҳи нақби "Истиқлол" дар шоҳроҳи Душанб-Хуҷанд зери тарма монданд. Ин ҳодиса дар нимаи аввали рӯз рух дод ва аммо гурӯҳи наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ҷасади афроди зери тармамондаро тақрибан соати чаҳори баъд аз зӯҳр берун кардааст. Афроди кушташуда дар як мошини "Нива-Шевроле" аз Душанбе сӯи Панҷакент ҳаракат мекардаанд, ки тақрибан сесад метр дуртар аз даромадгоҳи нақб ногаҳон болояшон тарма фурӯ рехт. Гуфта мешавад, дар ин ҳодиса панҷ сокини деҳаи Мадовраи ноҳияи Панҷакент, аз ҷумла як мард бо ду духтари мактабхонаш ва ҳамчунин як сокини ноҳияи Айнӣ ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG