Пайвандҳои дастрасӣ

Низомиёни ошӯбгари Бангладеш таслим шуданд


Дар Дакка, пойтахти Бангладеш, низомиёни ошӯбгар аз муқовимат даст бардоштанд ва ба ҳукумат таслим шуданд. Аз ин пеш ҳукумат ба хиёбонҳои шаҳр тонкҳоро баровард ва қароргоҳи ошӯбгаронро муҳосира намуд. Ошӯб рӯзи чаҳоршанбе дар раёсати нерӯҳои марзбонии Дакка шурӯъ шуд – низомиён боло бурдани моҳона ва беҳбуди шароити хизматро талаб карданд ва аммо ягон талаби сиёсӣ ба миён нагузоштанд. Дирӯз расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки бештари ошӯбгарон фирор карданд ва фармондеҳи онҳо аз сӯи зердастонаш кушта шудааст. Бар асари муқовимати дурӯзаи ошӯбгарон ва нерӯҳои ҳукуматӣ 50 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG