Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарфаи буҷа аз ҳисоби барномаҳои таслиҳотӣ?


Мақомоти ИМА то куҷо зарур ва муҳим будани ҳама барномаҳои феълии таслиҳотии кишварро пажуҳиш хоҳад карнд. Дар ин бора вазири дифоъи кишвар Роберт Гейтс хабар дод ва афзуд, ки ҳадаф аз ин тасмим – зарурати коҳиши сарфи буҷа аст. Изҳороти Роберт Гейтс ба думболи суханронии раисиҷумҳур Барак Обама дар бораи буҷаи федеролӣ садо дод. Гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ дар буҷа барои ниёзмандиҳои низомӣ назар ба як соли пеш маблағи каме бештар ҷудо шудааст ва аммо маъмурияти Барак Обама мехоҳад бархе аз барномаҳои гарони таслиҳотиро лағв кунад.

XS
SM
MD
LG