Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ Милутиновичро сафед кард


Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг ваё Гаага оид ба Югославияи собиқ раисиҷумҳури пешини Сербия Милан Милутиновичро сафед кард. Ӯ ва боз панҷ мақоми расмии Сербия дар ҷиноёти низомӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият дар замони ҷанг дар Косово дар солҳои 90-уми қарни гузашта гумонбар мешуданд. Аз миёни онҳо фақат Милутинович озод хоҳад шуд, ҳамсафони ӯ аз сӯи додгоҳ ба мӯҳлати аз 15 то 22 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Муҳокимаи парвандаи Милан Милутинович ва панҷ мақоми расмии Сербия моҳи июли соли 2006 шурӯъ шуда, моҳи августи соли гузашта поён ёфта буд. Раисиҷумҳури собиқи Югославия Слободан Милошевич, ки ҳамчунин мавриди бозрасии Додгоҳи Ҳейг қарор дошт, соли 2006-ум дар маҳбас аз дунё даргузашт.
XS
SM
MD
LG