Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама тарҳи буҷаро муаррифӣ кард


Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико тарҳи буҷаи соли 2010-ро муаррифӣ кард, ки он 3 триллиону 600 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ин буҷа бояд Амрикоро аз бӯҳрони иқтисодӣ берун кашад. Ҳамзамон интизор меравад, ки касри буҷа дар соли равон бузургтарин аз замони ҷанги дуввуми ҷаҳон хоҳад шуд ва ба як триллиону 750 миллиард доллар хоҳад расид. Гуфта мешавад, ки дар буҷаи нав барои хадамоти тиббӣ 634 миллиард доллар тахсис дода шудааст, 250 миллиард доллар барои, ба истилоҳ, “рӯзи сиёҳ” ҷудо шудааст, яъне ин маблағ дар ҳоле сарф хоҳад шуд, ки агар дубора зарурати наҷоти бонкҳои кишвар ба миён ояд.

XS
SM
MD
LG