Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи таҳқиқи суқути ҳавопаймои "Боинг 737"


Яке аз сабабҳои эҳтимолии суқути ҳавопаймои “Боинг 737”-и ширкати Turkish Airlines дар фурудгоҳи шаҳри Амстердам аз кор мондани муҳаррик арзёбӣ мешавад. Дар ин бора ахиран намояндаи Хадамоти амнияти парвозҳои Ҳуланд хабар дод. Тафтиши сабабҳои суқути ҳавопаймо бар дӯши ин Хадамот аст. “Қуттиҳои сиёҳ”-и “Боинг 737” барои тафтиш ба Порис фиристода шуданд.

Ҳавопаймои “Боинг 737”, ки аз Стамбул ба пойтахти Ҳуланд парвоз мекард, дар канори фурудгоҳи шаҳри Амстердам суқут кард. Бештари мусофирон аз ин ҳодиса ҷон ба саломат бурданд, ва аммо нӯҳ нафар, аз ҷумла, ду сарнишини ҳавопаймо ба ҳалокат расиданд. 86 нафар ҷароҳат бардоштаанд ва табибон мегӯянд, ки вазъи шаш нафари онҳо сангин аст.

XS
SM
MD
LG