Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама тарҳи буҷаро асоси ояндаи Амрико номид


Президенти Иёлоти Муттаҳида Барак Обама имрӯз бо пешниҳоди тарҳи буҷаи ҳукумати худ ба Конргесси Амрико онро "дидгоҳе барои Амрико" ва "пешнависи оянда мо" номид.Вай дар Вошингтон ба хабарнигорон гуфт: "Ягон бахше аз ин буҷаи ман берун аз тафтиш ва бе таъсири ислоҳот нахоҳад буд. Мо ба созишномаҳои бесуд дар Ироқ, ки миллиардҳо долларро барбод додаанд, хотима мегузорем ва коҳиш андозро аз ширкатҳо, ки ҷойҳои кориро ба хориҷ кашондаанд, лағв мекунем. Ва мо бо ақиб кашидани сабукиҳои андоз барои сарватмандтарин амрикоиҳо миллиардҳо долларро ҳифз мекунем ва ҳамзамон андоз аз 95 дарсади хонаводаи пурмашаққати қишри миёнаро коҳиш медиҳем."
XS
SM
MD
LG