Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулони Додситонии низомии Тоҷикистон дар мавриди боздошти аслиҳаи қочоқии артиши Русия дар қаламрави ин кишвар изҳори бехабарӣ карданд.

Онҳо гуфтанд, ки нерӯҳои артиши Русия дар Тоҷикистон аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархӯрдоранд ва мақомоти Душанбе ҳаққи таҳқиқи парвандаҳои марбут ба низомиёни Русияро надоранд.

Хабари боздошти теъдоди бузурги таслиҳоти сақили қочоқӣ дар қаламрави Тоҷикистонро додситони низомии Русия Сергей Фридинский рӯзи чоршанбеи 25-уми феврал дар ҷаласаи ҳайъати мушовараи Додситонии кулли он кишвар эълон кард. Фридинский дар ин нишаст, ки бо ҳузури раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев мегузашт, гуфт: “Миқёси чунин “тиҷоратҳо” дар воқеъ ҳайратангез аст. Чанд рӯз пеш мо ҷиҳати ифтитоҳи парванда алайҳи гурӯҳи мансабдорони нирӯҳои баҳрӣ ва чанд соҳибкор дархост фиристодем. Ин афрод бо роҳҳои қочоқӣ 30 мушаки зидди киштиҳои зериобӣ ва 200 бомби авиатсионӣ ба маблағи 18 миллион долларро ба қаламрави Тоҷикистон интиқол дода, то баъдан ба Чин бифурӯшанд. Ин таслиҳот боздошт шудааст”.

Игор Дигало, сухангӯи нерӯҳои баҳрии Русия, ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, мақомоти нерӯҳои баҳрӣ дар амри ҷилавгирӣ аз ин талоши фурӯши қочоқии аслиҳа ҳамкорӣ дошт.

Аммо Ҳакимҷон Ибодов, ёвари додситони низомии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо бахши тоҷикии “Озодӣ” аз хабари боздошти чунин
Агар низомиёни рус ҳаққи дахлнопазирӣ дошта бошанд, хеле осон ин корро мекунанд...
миқдори бузурги таслиҳоти қочоқии марбут ба артиши Русия дар қаламрави Тоҷикистон изҳори бехабарӣ кард. Ҳакимҷон Ибодов афзуд, бар асоси қарордоди миёни Душанбеву Маскав имзошуда, ҷузву томҳои низомӣ ва ҳамин тавр, афсарону сарбозони Русия, дар ҳудуди Тоҷикистон аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархӯрдор буда ва мақомоти кишвар ҳаққи тафтиши молу колое, ки барои ин ҷузвутомҳо ворид мешаванд, надоранд. Оқои Ибодов мегӯяд, ҳаққи таҳқиқи ҷиноятҳое, ки низомиёни Русия дар қаламрави Тоҷикистон содир мекунанд, низ ба мақомоти тафтишотии он кишвар марбут мешавад, на ба мақомоти Тоҷикистон.

Александр Храмчихин, коршиноси аршади Пажӯҳишгоҳи мутолеоти сиёсиву низомӣ дар Маскав, ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, афроди гумонбар ба қочоқи аслиҳа шояд ба маҳзи ҳамин шароити пуримтиёзе, ки барои низомиёни Русия дар Тоҷикистон фароҳам шудааст, қочоқи аслиҳа ба Чинро тавассути қаламрави Тоҷикистон анҷом додаанд: “Барои ман дар ин бора чизе гуфтан душвор аст, чунки ин ҳодиса бештар ҷанбаи ҷиноӣ дорад, на низомӣ. Вале усулан рух додани чунин ҳодиса имкон дорад. Ба ҳар сурат, ман наметавонам чунин иттифоқро сарфи назар кунам. Ба вижа, дар ҳоле ки агар низомиёни Русия ҳаққи дахлнопазирӣ дошта бошанд, ин корро хеле осон мекунад”.

Русия аз лиҳози фурӯши аслиҳа дар ҷаҳон баъд аз Амрико дар мақоми дуввум қарор дорад ва, барои мисол, тайи соли 2007 ба маблағи беш аз 10 миллиард доллар силоҳу муҳимот ва фанновариҳои низомӣ фурӯхтааст.

Яке аз харидорони аслии таслиҳоти Русия Чин ба шумор меравад, вале ба бовари Александр Храмчихин, Пекин дар роҳи даст ёфтан ба таслиҳоти навтарини русӣ аз чунин роҳҳои қочоқӣ низ сарфи назар намекунад. Таҳлилгари рус мегӯяд, фасод, ки ба тамоми соҳоти зиндагии Русия, аз ҷумла ба риштаҳои низомиаш амиқ реша давондааст, як омили дигари афзоиши мавридҳои қочоқи аслиҳа шудааст: “Дар воқеъ, ман гуфта наметавонам, ки дар ин масъала кадом тағйироти усулие рух дода бошад. Ба назари ман, амборҳои таслиҳоти Русия барои қочоқ дар муқоиса бо солҳои навадум ҳатто боз ҳам бозтар шудаанд. Такрор мекунам, ки ман кадом беҳбудиеро дар ин замина намебинам. Ба бовари ман, ба сурати умум, фасодкорӣ дар Русия дар муқоиса бо солҳои навадум бамаротиб афзоиш ёфтааст. Ва афзоиши бакарати фасод дар тамоми риштаҳои зиндагии Русия, аз ҷумла дар нирӯҳои мусаллаҳаш мушоҳида мешавад”.

Номи Тоҷикистон дар робита ба қочоқи аслиҳа бори аввал дар тирамоҳи соли 2002, замоне дар сархати хабарҳо қарор гирифт, ки матбуоти Русия дар бораи кашфи даҳҳо мушаки зиддиҳавоии “Игла” дар ҷумҳурии ҷудоиталаби Чеченистон хабар дод ва гуфт, ба эҳтимоли ғолиб, ин мушакҳо бахше аз мероси ба Тоҷикистонрасидаи артиши пошхӯрдаи Шӯравист. Вазорати дифоъи Тоҷикистон ин иттиҳомро радд кард ва посух дод, ки аз артиши Шӯравӣ мӯе ҳам ба мерос набурдааст. Ҷониби Маскав гуфт, ин ҳодисаро ҷиддан таҳқиқ хоҳад кард, вале бо вуҷуди гузашти ҳафт сол натоиҷи он таҳқиқот то ҳол эълон нашудааст.

Бори дигар Тоҷикистон моҳи марти соли гузашта замоне дар сархати чунин хабарҳо омад, ки Виктор Бут, аз маъруфтарин чеҳраҳои бозори сиёҳи фурӯши аслиҳаи ҷаҳонро дар Таиланд боздошт карданд. Вале ин бор аз Тоҷикистон танҳо ба ин далел ёд карданд, ки ин ба таъбири маъруф, “тоҷири марг”, бино ба бархе аз хабарҳо, соли 1967 дар Душанбе ба дунё омадааст.
XS
SM
MD
LG