Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон


Тазоҳурот дар Хоруғ, 20 июни соли 2008.
Тазоҳурот дар Хоруғ, 20 июни соли 2008.

Вазорати умури хориҷии Амрико фасодкориро ҳамчунон монеъи ислоҳоти иҷтимоӣ ва демократӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ кардааст.

Департаменти давлатии Амрико мегӯяд, дар соли гузаштаи 2008 ҳуқуқи сокинони Тоҷикистон дар амри тағйири ҳукумат маҳдуд буд ва бадрафториву азияти маҳбусон аз тарафи маъмурони амниятӣ мушоҳида мешуд, ки бо ин рафторашон ҳам муҳокима намешаванд. Гузашта аз ин, ин афрод аз муҳокимаи одилона маҳрум буданд.

Департаменти давлатии Амрико гуфтааст, ҳукумати Тоҷикистон дар ин сол озодии матбуот ва суханро таъмин накард, озодии эътиқоду ҷамъомадҳоро маҳдуд намуд ва созмонҳои байналмилалии ғайридавлатиро азият кард.

Дар ин гузориш ҳамчунин мехонем, ки нақшу вазифаҳои мақомоти интизомӣ ва ҳомии қонун дар Тоҷикистон ба ҳам печидаанд ва ин
Ислоҳоти низоми додгоҳ ҳанӯз натиҷаи назаррас надодааст...
ниҳодҳо дар таҳқиқи гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ кори муассир надоштанд ва фасодкорӣ ҳамчунон як мушкили ҷиддӣ дар кишвар боқӣ монд. Дар соли 2008 мақомот 67 корманди ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқро бо иттиҳоми иртикоби ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла 29 нафари онҳоро бо иттиҳоми ришваситонӣ боздошт кардаанд.

Вале ба қавли Маҳмад Забиров, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, агар кишвар дар решакан кардани коррупсия ҳавасманд намебуд, Оҷонсии мубориза бо коррупсиярро таъсис намедод: “Аммо натиҷаи кори ин мақом ва коҳиши фасодкорӣ ба тадриҷ маълум хоҳад шуд. Дар Тоҷикистон дуруст аст, ки шакли одии коррупсия- ришватситонӣ вуҷуд дорад, аммо дар ҳамон кишварҳои мутараққӣ низ коррупсия ҳаст, бо шаклҳои мураккаб, ки аз назарҳо канор мемонад”.

Вазорати умури хориҷаи Амрико ҳамчунин аз кори додгоҳҳои Тоҷикистонро танқид кардааст, ки ба гуфтаи ин вазорат наметавонанд муҳокимаи шаффофу одилонаро таъмин намоянд. Музди кори ками додрасу додситонҳои бетаҷриба дар Тоҷикистон ба гуфтаи муаллифони гузориш заминаро барои ришваситонӣ фароҳам карда ва ин як таҷрибаи роиҷ дар миёни ҳомиёни қонун будааст.

Аммо Маҳмад Забиров, вакили Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, дар кишвар аз нигоҳи қонунгузорӣ барои фаъолияти додгоҳ ва додрасҳо монеъае вуҷуд надорад. Ба гуфтаи ӯ, бархе додрасҳо қонуншиканӣ мекунанд ва низ шаҳрвандон ҳуқуқи худро ҳимоят намекунанд, ки ин мушкили дигар аст.

Ба гуфтаи Вазорати умури хориҷии Амрико, ҳарчанд мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар кишвар маҳбусони сиёсӣ нестанд ва касеро барои андешаҳои сиёсӣ таъқиб намекунанд, аммо аҳзоби мухолиф ин гуфтаро нодуруст медонанд. Дар гузориш, сарнавишти Муҳаммадрӯзӣ Искандаров – раиси Ҳизби демократ, Ёқуб Салимов - вазири пешини корҳои дохилӣ ва Рустам Файзиев – муовини раиси Ҳизби ғайрирасмии Тараққиётро мисол овардаанд.

Вазорати умури хориҷаи Амрико дар робита ба ҳаққи моликият дар Тоҷикистон, баҳсҳои соли гузашта доир ба кӯчонидани мардуми баъзе аз маҳаллаҳоро ёдрас шудааст, ки дар ивази моликияти гаронбаҳои худ пули ночиз ва ё моликияти камтаре гирифтаанд, ки нақзи ҳуқуқи инсон аст. Соли 2008 умеди хабарнигорони тоҷик барои беҳбудӣ бароварда нашудааст, зеро ба гуфтаи вазорати умури хориҷаи Амрико, ҳукумати Тоҷикистон соли 2008 низ ҳуқуқ барои озодии баён ва матбуотро маҳдуд кардааст, ҳарчанд қонун ин озодиро ба ҳама кафолат медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки Маҳмад Забиров, вакили Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, далели беҳбуд ёфтани озодии матбуот ва баён дар Тоҷикистон дастури раиси ҷумҳур дар мавриди посухи вазорату идораҳои ҳукумат ба интиқоди матбуот дар соли ҷорӣ буда метавонад. Вале ба қавли ӯ, ба манзури масъулияти дуҷонибаи ҳам матбуот ва ҳам мақомоти ҳукумат дар назди қонун бояд қонуни матбуоти Тоҷикистон тағйир дода шавад

Дар робита ба озодии эътиқоду мазҳаб низ чунин аст мегӯянд муаллифони гузориши вазорати умури хориҷаи Амрико. Ба қавли ин манбаъ соли гузаштаи 2008 мақомоти расмии Тоҷикистон фаъолияти масоҷидро назорат мекарданд, ки дар онҷо киҳо намоз мегузоранд. Ҳамчунин наворҳои мазҳабиро таҳқиқ мекарданд, ки мабодо ақоиди ифротӣ ва зиддиҳукуматӣ надошта бошанд. Вазорати умури хориҷаи Амрико дар бораи шаффофияти кор ва фасодкорӣ иддаъо мекунад, ки мақомоти расмии Тоҷикистон олуда ба фасодкорӣ будаанд ва хешутаборчигӣ дар тамоми сатҳҳои ҳукумат мушоҳида мешуд.

Ҳарчанд қонуни Тоҷикистон барои ришвахорон ҷазо муқаррар кардааст, аммо Вазорати умури хориҷии Амрико мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон ин қонунро ба таври муносиб иҷро накардааст.
XS
SM
MD
LG