Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба мудири "Мемориал" иҷозаи вуруд ба Қирғизистон дода нашуд


Ба яке аз мудирони созмони ҳуқуқи башари "Мемориал" имрӯз иҷозаи вуруд ба Қирғизистон дода нашуд. Виталий Пономарев, ки маҷбур шуд ба Маскав баргардад, мегӯяд, ба эҳтимоли ӯ мақомоти қирғиз аз гузоришҳои танқидии моҳи гузаштаи "Мемориал" дар бораи Қирғизистон ранҷидаанд. Тибқи изҳороти ин созмон, журналистони қирғиз гуфтаанд, Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон вуруди Пономаревро ба ин кишвар барои панҷ сол манъ кардааст. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башари Қирғизистон радди вуруди Пономарев ба ин кишварро маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG