Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Бангладеш ошӯбгаронро ба таслим шудан даъват кард


Дар ҳоле ки танкҳо ба кӯчаҳои Дакка, пойтахти Бангладеш, баромадаанд, сарвазири Шайх Ҳасина нерӯҳои ошӯбгарро даъват кард, фавран ба ҷангҳо хотима гузоранд ва ё бо посухи шадиде рбарӯ хоҳанд шуд. Вай ҳамчунин аҳолиро ба оромӣ даъват намуд: "Ҳеҷ кас ин талафот ва тахрибро ҷуброн нахоҳад кард, аммо ман харобиҳои дигаре дар зимни интиқомро намехоҳам. Ман ҳамаи шуморо ба хештандорӣ даъват мекунам. Сулҳро ба хотири беҳбуд ҳифз кунед."

Дар ин байн артиш танкҳоро дар наздикии ситоди нерӯҳои марзбон ҷобаҷо кард. Ошӯб рӯзи чаҳоршанбе дар ин ситод аз тарафи шибҳинизомиёни марзбон бархост. Наздик ба 50 нафар, аз ҷумла шаҳрвандони осоишта дар ҷангҳои хиёбонӣ кушта шуданд. Ҳасина камтар аз ду моҳ пеш бо пирӯзии чашмгире дар интихобот ба қудрат расида, ба ҳокимияти дусолаи ҳарбиён дар Бангладеш хотима гузошт.
XS
SM
MD
LG