Пайвандҳои дастрасӣ

Изҳороти Бердимуҳаммадов дар мавриди Роғун ва Қамбарота


Раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар рӯдхонаҳои минтақа аз ақидаи Узбакистон пуштибонӣ кард. Дар нишасти хабарии муштарак дар Тошканд, рӯзи 25-уми феврал, Бердимуҳаммадов гуфт, ҳар кишвари минтақа дар ин масъалаҳо бояд аз рӯи меъёр ва қонунҳои байнулмилалӣ амал кунад.
Ин суханони ӯ пас аз изҳороти президенти Узбакистон, Ислом Каримов, садо дод, ки дар робита ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии Роғун дар Тоҷикистон ва Қамбарота дар Қирғизистон гуфт, кишварҳои болооб бояд зимни як пажӯҳиши байнулмилалӣ бетағйир мондани маҷрои обро ба Туркманистон, Узбакистон ва Қазоқистон кафолат диҳанд. Бердимуҳаммадов афзуд, вай них мухолифи коҳиши об аст ва дар ин масъала тарафдори як дипломатияи пешигирикунанда бо меъёрҳои мавриди қабули ҳама ва усули қонуни байнулмилалӣ аст.
XS
SM
MD
LG