Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар рӯдхонаҳои минтақа аз ақидаи Узбакистон пуштибонӣ кард.

Дар нишасти хабарии муштарак дар Тошканд, рӯзи 25-уми феврал, Бердимуҳаммадов гуфт, ҳар кишвари минтақа дар ин масъалаҳо бояд аз рӯи меъёр ва қонунҳои байнулмилалӣ амал кунад.

Ин суханони ӯ пас аз изҳороти президенти Узбакистон, Ислом Каримов, садо дод, ки дар робита ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии Роғун дар Тоҷикистон ва Қамбарота дар Қирғизистон гуфт: "Мавқеъи Узбакистон дар ин масъала фаҳмо ва рушану дақиқ аст. Мо мегӯем, ки мутлақо мухолифи сохтмони ин нерӯгоҳҳо нестем. Марҳамат, бисозед, агар ин на танҳо посухгӯи манфиатҳои фақат ду кишвар, балки ҳамаи кишварҳои минтақа бошад ва агар зарур ояд, мо ҳам дар ин барномаҳо ширкат хоҳем кард. Аммо аввал як пажӯҳиши байнулмилалии ҳақиқӣ барпо кунед ва ба пурсиши содае посух диҳед, ки сохтмони ин нерӯгоҳҳои бузург маҷрои обро ба кишварҳое, ки дар поёнтари рӯдхонаҳо ҳастанд, аз ҷумла Туркманистон, Узбакистон ва Қазоқистон кам хоҳад кард ё на, ин маҷро чӣ тағйире хоҳад дид."

Президенти Туркманистон дар навбати худ низ гуфт, кишвараш мухолифи коҳиши маҷрои об ва тарафдори бозрасии байнулмилалист. Бердимуҳаммадов афзуд, вай тарафдори як дипломатияи пешигирикунанда дар ин масъала аст.

Вай гуфт: "Туркманистон дар ин масъала таъкид мекунад, ки ҳалли он бояд аз меъёрҳои мавриди қабули ҳама ва усули қонуни байнулмилалӣ баргирифта шавад ва ба ҳамон тавре ки Ислом Абдуғаниевич ишора кард бо ширкати ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ. Ва ҳамчун кишвари поёноб мо ҳам мухолифи коҳиши маҷро дар рӯдхонаҳои фаромарзием."

Ин бори аввал аст, ки Туркманистон ба таври рӯшан аз мавзеъгирии Тошканд ҳимоят мекунад. Дар гузашта он дар бораи барномаҳои обу барқи минтақа изҳори назар накарда буд. Туркманистон ва Узбакистон дар гузашта дар масъалаи таъин ва аломатгузории марзҳои муштараки худ мушкилот доштанд ва ҳамчунин Ишқобод Тошкандро дар пуштибонӣ аз мухолифони сиёсияш айбдор мекард.

Ахиран бо миёнаравии Русия ду кишвар ҳамкориро дар судури газ густариш доданд ва Узбакистон интизори инро низ дорад, ки Туркманистон метавонад, ҳамкориҳои энержӣ ва тиҷоратии Тошкандро бо Аврупо аз як сӯ ва бо Эрону кишварҳои Халиҷи Форс аз суи дигар таҳким бахшад.
XS
SM
MD
LG