Пайвандҳои дастрасӣ

Бозор Собир: “Ҷашни ман дар Наврӯз? Хабар надорам”


Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷики муқими Амрико

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷики муқими Амрико

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷики муқими Амрико, аз он ки 70-умин зодрӯзаш дар рӯзҳои иди Наврӯз дар шаҳри Душанбе ва бо ширкати худи ӯ баргузор мешавад, изҳори бехабарӣ кард.

Тирамоҳи соли гузашта, вақте шоир 70-сола мешуд, Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон эълом дошт, ки ҷашни барандаи ҷоизаи ба номи устод Рӯдакӣ ва шоири мусофири тоҷик Бозор Собир дар Наврӯз дар пойтахти кишвар баргузор хоҳад шуд ва дар тантана худи шоир ҳам ширкат хоҳад дошт. Ин хабар дили алоқамадони назми волоро барои дидори қарибулвуқуъ бо шоири тавоно гарм нигаҳ медошт. Ва аммо устод Бозор Собир дар як сӯҳбате, ки ахиран бо ӯ доштем, аз тасмими Иттиҳодияи адибон изҳори бехабарӣ ва тааҷҷуб кард:

Бозор Собир: Воқеъан, ягон кас аз Иттиҳодияи адибон як бор телефон карда ба ман гап назадааст. Аслан дар ҳамин 14 сол ягон кас аз ин Иттиҳодия ба ман телефон накардааст...

Суол: Ва аммо агар расман даъвататон кунанд, омодаед, ки ба Душанбе равед?

Бозор Собир: Кӣ маро расман даъват мекунад?

Суол: Бигирем, ҳукумати Тоҷикистон...

Бозор Собир: Не, намеравам... Ин гапҳо дурӯғанд, гапи ҷашнро худашон овоза карда гаштаанд. Ман ба Иттиҳодияи адибон ягон хел бастагӣ надорам ва дар ин солҳо ягон кас аз ман напурсид, ки дар куҷоӣ, нагуфт, ки мо туро табрик мекунем..., ман ин гапҳоро нашунидам.

Дар идомаи сӯҳбат мо аз устод Бозор Собир сарнавишти дафтари шеърашро ҷӯё шудем, ки тавре қаблан ба мо гуфта буд, омодаи нашр аст ва барои чоп ҳанӯз маблағе пайдо накардааст. Аз ӯ суол кардем, ки ин мушкил оқибат ҳал шудааст ё на?

Бозор Собир: Мушаххасан дар ин бора чизе маълум нест. Хуб, ин ҳам муҳим нест, чизе, ки агар ҳодиру нодир бошад, як рӯз не як рӯз аз ягон сурохӣ, аз ягон рахна сар мезанад. Ва, бубин, ки пештар шоирони тоҷик осори мунтахаб чоп мекарданд ва куллиёт камтар. Вале ҳоло ҳатто девон чоп мекунанд. Боз ҳамон истилоҳоти кӯҳна, гапҳои кӯҳна, девончопкунӣ ва баёзчопкунӣ... Китоби нави ман на баёз аст ва на девон! Як мунтахаби шеърҳост, мунтахаби шеърҳои солҳои ахир.

Ва лаҳзае, ки сӯҳбати кӯтоҳи мо мо бо шоири мусофири тоҷик поён меёфт, аз дилам гузашт, ки агар Иттиҳодияи адибон нашри ин дафтари нави шеъри Бозорро бар дӯш мегирифт, ҳам дили озурдаи шоирро каме ором мекард ва ҳам дуои алоқамадони шеъри нобро мегирифт. Ва шояд он ноҳинҷорӣ аз эълони таҷлили ҷашни 70-солагии Бозор дар Наврӯз бо ширкати худи шоир ҳам аз байн мерафт. Аз ҷашне, ки, тавре рушан шуд, аз он то ҳанӯз худи шоир хабар надорад...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG