Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳ. А. Тӯраҷонзода: «Афсонаҳои алюминӣ»


Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон,
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон,

Нашрияҳои «Фараж» ва «Миллат» посухи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ба баёнияи ширкати «Талко»-ро бо унвони «Афсонаҳои алюминӣ» мунташир кардаанд.

Ҳафтае қабл ширкати «Талко» бо чопи матлабе дар ин нашрияҳо мусоҳибаи оқои Тӯраҷонзода дар нашрия «Фараж»-ро, ки дар он дар бораи фурӯши корхонаи алюминӣ низ сухан мерафт, мавриди интиқод қарор дода гуфта буд, ки ширкати «Талко» ба иқтисоди кишвар муфид аст ва он парчам ва ифтихори миллати тоҷик мебошад.

Аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, бо овардани арқом ва далоили фаровон ин иддаои роҳбарияти корхонаи алюминиро бепоя хонда, баракс гуфтааст, ки ин ширкат ба буҷаи кишвар даромад намеоварад ва афзун бар ин нерӯи барқи тавлидшаванда дар кишварро хеле арзон масраф карда, боиси фоҷеа ва мусибати бебарқӣ дар кишвар шудааст.

Дар ҳамин ҳол ҳафтаномаи «Азия плюс» хабар додааст, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зимни ворид кардани ислоҳот дар Қонун дар бораи хусусигардонии амволи давлатӣ фурӯши корхонаи «Талко», нерӯгоҳи «Норак» ва сохтмони нотамоми нерӯгоҳи «Роғун»-ро мамнӯъ эълон кардааст. Ба навиштаи нашрия, вакилони порлумон тарҳи пешниҳодии ҳукумат дар ин заминаро бо иттифоқи оро пазируфтаанд.

Аммо дар ҳамин ҳол нашрия назари бархе аз коршиносон, аз ҷумла Георгий Кошлаков, муовини собиқи нахуствазир ва ҳоло устоди Донишгоҳи муштараки Тоҷикистону Русия дар Душанберо дар мавриди ин тасмими порлумон нашр кардааст. Оқои Кошлаков гуфтааст, як чунин намунаро дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ёд надорад, ки сохтмони нотамоми иншоотеро дар чунин феҳристҳои махсус ворид кунанд. Аз тарафи дигар то кунун рӯшан нашудааст, ки ин иншоот бо чӣ сармояе сохта мешавад ва давлат низ барои анҷоми корҳои сохтмонии он консорсиюми байнулмилалӣ эълон кардаст. Изофа бар ин, гуфтааст Кошлаков, ман шубҳа дорам, ки Тоҷикистон битавонад нерӯгоҳи Роғунро бо маблағи буҷаи худ бисозад.

Аммо нашрияи «Озодагон» ба чанде аз номзадҳо барои дарёфти курсии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар соли 2005, ки орои кофӣ ба даст наоварда буданд, ин суолро матраҳ кардааст, ки оё дар интихоботи соли 2010 ширкат хоҳанд кард? Амнияти Абдулназар, номзади собиқ аз ҲСДТ аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Ванҷ, Зарафо Раҳмонӣ номзад аз ҲНИТ аз ҳавзаи Фирдавсии пойтахт бо ин вуҷуд, ки баргузории интихоботи соли 2005-ро пур аз тақаллуб ва ғайридемократӣ арзёбӣ кардаанд, омодагии худро ҷиҳати ширкат дар интихоботи оянда эълон кардаанд. Аммо Раҷаби Мирзо, номзад аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, гуфтааст, ки дар шароити Тоҷикистон иштирок дар интихоботҳо сарфи беҳудаи маблағ ва вақт аст.

Нашрияи «Ҷомеа» як пурсишеро дар робита ба таъсири бӯҳрони молиявӣ ба фаъолияти матбуот ва махсусан ба нашрияҳо бо се тан аз муассисони чанде аз расонаҳои кишвар матраҳ кардааст. Умед Бобохонов, сармуаҳаррири «Азия плюс», гуфтааст, ки бӯҳрони молиявӣ ба фаъолияти кории онҳо таъсири ҷиддӣ нарасонида бошад ҳам аммо асароти он эҳсосшаванда аст. Оқои Бобохон барои таъйиди ҳарфҳои худ коҳиши ҳаҷми рекламаро мисол оварда гуфтааст, ки имкон дорад, то ду се моҳи дигар зарари бӯҳрони иқтисодӣ бештар ҳис шавад. Шарифи Ҳамдампур, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон», дар посух ба ин пурсиш гуфтааст, ки афзоиши баҳои нашрияҳо дар як моҳи ахир ва коҳиши шумори харидорони расонаҳо нишонаи бӯҳрони молии ҷаҳонист.

Акбари Саттор, мудири кулли ҷамъияти саҳҳомии «Чархи гардун» дар робита ба таъсири бӯҳрони молиявӣ ба фаъолияти васоити ахбори оммаи кишвар гуфтааст, ки баҳои тамоми ашё барои чопи нашрияҳо дар ду-се моҳи ахир ба маротиб боло рафт. Дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ соҳибони нашрияҳо маҷбур ба ихтисори нерӯи кории худ шуданд. Аммо ҳоло ба як чунин тадбир дар расонаҳои кишвар касе даст назадааст. Вале душвории пешомада он аст, ки қаблан мо маводи зарурӣ барои чоп нашрияҳо аз қабили рангу коғазу пластинкаву ғайраро аз Русия ва бо рубли русӣ мегирифтем, вале ҳоло ҳамаи муомилот бо доллар ба роҳ монда шуд, ки ин тадбир таъсири манфии худро хоҳад гузошт.
XS
SM
MD
LG