Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама аз таҳаввулоти иқтисоди ҷаҳон огаҳ мешавад


Хадамоти маркази кашфи ИМА ба таҳияи гузориши ҳаррӯза барои раисиҷумҳур Барак Обама оид ба вазъи иқтисоди ҷаҳон шурӯъ кард. Дар ин бора раиси Хадамот Леон Панетта хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ба сиёсати хориҷии чанд кишвари осебдида, аз ҷумла, Русия таъсир хоҳад гузошт. Леон Панетта гуфт, гузоришҳо ба он хотир таҳия мешаванд, ки маъмурияти Барак Обама ба ҳама гуна таҳаввулот дар сиёсати дигар кишварҳо омода бошад.
XS
SM
MD
LG