Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии ИМА аз нақзи ҳуқуқи башар


Департаменти давлатии ИМА дар гузориши солонаи худ аз вазъи ҳуқуқи башар дар Русия изҳори нигаронӣ кардааст. Дар он, аз ҷумла, гуфта шудааст, ки мақомоти ҳифзи тартиботи Чеченистон, Ингушетия ва Доғистон дар таъқиби мухолифини сиёсӣ ширкат мекунанд. Дар ин гузориш вазъ дар Кореяи Шимолӣ “даҳшатнок” унвон шудааст – ба навиштаи муаллифон, дар ин кишвар ҳодисаҳои қатли бидуни ҳукми додгоҳ ва таваллуди кудакон дар маҳбас ба қайд гирифта шудаанд. Тибқи гузориш, вазъи ҳуқуқи башар жар Чин ҳам беҳбуд наёфтааст. Мақомоти Белорус ва Узбакистон барои поймол кардани озодиҳои сиёсии шаҳрвандон ва ҳукумати Гурҷистон барои нақзи озодии баён ва фасод мавриди интиқод қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG