Пайвандҳои дастрасӣ

Додситон аз қочоқи силоҳ изҳори бехабарӣ кард


Додситонии низомии Тоҷикистон дар мавриди қочоқи 30 мушаки зидди киштиҳои низомӣ аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ба Чин маълумоте зери даст надорад. Дар ин бора Додситонии низомии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, онҳо дар ин бора аз ҳамтоҳои русашон иттилоъе нагирифтаанд.

Дирӯз расонаҳои Русия бо такя ба Додситонии низомии Русия дар бораи ҷилавгирӣ аз фурӯши ғайриқонунии силоҳ ба Чин ба маблағи 18 миллион доллар хабар доданд. Ба гуфтаи Додситони низомии Русия Сергей Фридинский, мақомоти додситонӣ алайҳи гурӯҳи мансабдорон ва тоҷироне аз Русия парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд, ки ба таври қочоқ ва барои фурӯши минбаъда ба Чин ба қаламрави Тоҷикистон 30 мушаки зидди киштиҳои низомӣ ва бомбҳо барои ҳавопаймоҳои низомиро ворид кардаанд.

XS
SM
MD
LG