Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гарӣ Лок вазири нави тиҷорати ИМА таъин шуд


Барак Обама Гарӣ Локро вазири тиҷорати ИМА таъин кард. Лок саввумин номзад ба ин мақом гардид, ду номзади пешин бо сабабҳои гуногун аз ишғоли курии вазири тиҷорат сарпечӣ карда буданд. Раисиҷумҳури Амрико гуфт, “тавре шумо мебинед ин талоши аввалини мо барои пайдо кардани вазири мувофиқ нест, вале ман одат кардаам, ки корро муваффақ анҷом диҳам”. Гарӣ Лок амрикоии чиноитабор аст ва аз соли 1997 то соли 2005-ум волии аёлати Вошингтон буд. Дар ин давра ӯ робита бо мақомоти Чинро эҳё кард ва ба рушди равобити тиҷоратӣ миёни ИМА ва Чин мусоидат намуд.

XS
SM
MD
LG