Пайвандҳои дастрасӣ

Сабаби суқути "Боинг-373" тафтиш мешавад


Дар фурудгоҳи шаҳри Амстердам тафтиши сабабҳои суқути ҳавопаймои “Боинг 737”-и ширкати Turkish Airlines идома дорад. Ин ҳавопаймо зимни фуруд омадан ғайринтизор ба замин уфтод. Ба иттилоъи расмӣ, дар ин ҳодиса 9 нафар ба ҳалокат расида, 80 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Вазъи иддае аз мусофирони маҷрӯҳро табибон сангин арзёбӣ мекунанд. Гуфта мешавад, ки суқути ҳавопаймои ширкати Turkish Airlines бузургтарин дар Ҳуланд дар 17 соли ахир аст – моҳи октябри соли 1992 як ҳавопаймои боркаши исроилӣ дар болои як манзил дар Амстердам суқут карда буд. Дар он ҳодиса 43 нафар ба ҳалокат расида буданд.
XS
SM
MD
LG