Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷозаҳои нав ба транзити амволи НАТО


Аз чап президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва президенти Узбакистон, Ислом Каримов.
Аз чап президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва президенти Узбакистон, Ислом Каримов.

Дар паи Тоҷикистон ду ҷумҳурии дигари Осиёи Марказӣ: Узбакистону Туркманистон ҳам ба транзити амволи ғайринизомии паймони НАТО ба Афғонистон иҷозат доданд.

Мақомоти Қирғизистон ба Вашингтон дастур додаанд, ки дар давоми шаш моҳи оянда нерӯҳояшро аз пойгоҳи ҳавоии Манаси канори шаҳри Бишкек берун барорад. Аз ин рӯ, ИМА саъй дорад, роҳҳои алтернативии интиқоли молу ашё барои пешбурди амалиёти низомӣ дар Афғонистонро пайдо кунад.

Рӯзи чаҳоршанбе президенти Узбакистон Ислом Каримов гуфт, ки соли 1979 вақте қарори вуруди нерӯҳои Шӯравӣ ба Афғонистон қабул мешуд, касе аз кишварҳои минтақа: ҳамсояҳои Афғонистон напурсид, ки дар ин маврид чӣ назар доранд ва имрӯз ҳам набояд касе худсарона аз номи кишварҳои дигар тасмим гирад. Раисҷумҳури Узбакистон афзуд: "Вазъе, ки имрӯз дар Афғонистон ба амал омадааст, натиҷаҳои ҳамон тасмимгирии бидуни назардошти манфиатҳои ҳамсоя-кишварҳои Афғонистон аст. Имрӯз низ ба фикри мо қабули қарори дастаҷамъӣ ҷоиз нест. Мо аз гузашта сабақ гирифтаем. Ба ақидаи мо ҳар кишвар бояд бо назардошти манфиатҳояш ва манфиатҳои Афғонистон тасмим гирад."

Хабаргузории Рейтерс навиштааст, ки аснои мулоқот бо президенти Узбакистон президенти Туркманистон Қурбонгелдӣ Бердимуҳаммадов ҳам иброз дошт, ки кишвараш ба транзити маводи ғайринизомии паймони НАТО ба Афғонистон иҷозат додааст.
Хабаргузории Интерфакси Русия аз Бердимуҳаммадов иқтибос меорад, ки Туркманистон ба истифодаи ҳарими ҳавоияш дар ҷараёни интиқоли молу ашёи башардӯстона ба Афғонистон иҷозат додааст.

Қаблан Русия ва Тоҷикистон низ ба НАТО чунин имконро фароҳам оварда буданд.

Бахши бузурги таъминоти нерӯҳои байналмилалии мустақар дар Афғонистон тавассути Покистон cурат мегирад. Вале вақтҳои ахир мизони ҳамла болои корвонҳои икмолоти НАТО ва нерӯҳои ИМА афзоиш ёфтааст.

Роҳи нави транзит аз Аврупои ғарбӣ оғоз ёфта, тавассути Русия ва Қазоқистон ба ҷамоҳири Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистони ҳаммарз бо Афғонистон мерасад. Ин роҳ назар ба роҳи Покистон кӯтоҳтар аст.

Хабаргузориҳои Русия навиштаанд, ки дар тӯли ҳафтаи гузашта як корвон бо маводи ғайринизомии НАТО аз бандарҳои Латвия бо роҳи оҳан ба Узбакистон интиқол ёфт.

Ҷои ёдоварист, ки бо шурӯи амалиёти низомии эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА пойгоҳи Хонободи Узбакистон дар ихтиёри сарбозони амрикоӣ қарор дошт, вале дар соли 2005-ум баъди танқидҳои Вашингтон ва мамолики ғарбӣ аз таъқиби хунини гирдиҳамоиҳои Андиҷон Узбакистон эътилофи байналмилалиро аз истифодаи пойгоҳ маҳрум кард.

Режими Каримов, ки бо таъқиби шадиди мухолифину дигарандешон маъруф аст, вақтҳои ахир ишора кардааст, ки мехоҳад равобиташ бо мамолики ғарбиро беҳбуд бахшад.
XS
SM
MD
LG