Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле ки дар бораи натиҷаҳои мулоқоти президентҳои Русия ва Тоҷикистон маълумоти хеле кам нашр мешавад, таҳлилгарон мекӯшанд, ин натиҷаҳоро арзёбӣ кунанд.

НИГОҲЕ АЗ МАСКАВ

Сухангӯи раёсатиҷумҳурии Русия, Наталия Тимакова, дар сӯҳбат бо хабарнигорон натиҷаҳои мулоқоти президентҳои Русия ва Тоҷикистон, Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмонро дар Завидово мусбат арзёбӣ кард. Вай гуфт сарони ду кишвар як силсила мавзӯъҳои равобити дуҷонибаи байни Русияву Тоҷикистон ва масъалаҳои минтақаиро баррасӣ карданд. Хонуми Тимакова дар бораи дастовардҳои мушаххаси ин гуфтушунид тафсилот надод. Пас дар воқеъ чӣ чизҳоро метавон натиҷаҳои асосии ин музокирот номид? Бо ин пурсиш ба таҳлилгари маскавӣ, корманди нашрияи "Время новостей", Аркадий Дубнов муроҷиат кардем:

Аркадий Дубнов: "Ин муҳимтарин пурсиши мулоқоти махфист. Ман фикр мекунам, ки танҳо як натиҷаи асосӣ ба ман маълум аст ва он
Мумкин аст, ба Раҳмон ваъда карданд, ки баъзе ҷанбаъҳои шарту шароити навро баррасӣ хоҳанд кард...
ҳам ин ки ду президент қариб ним сатил зағорамоҳӣ қапиданд. Ин натиҷаи комилан мушаххас аст ва манобеи наздик ба кӯли Завидово онро тадсиқ мекунанд. Ҳама чизи дигар аз зумраи натиҷаҳои номаълуми оянданд. Вақте президент Медведев дар ифтитоҳи музокирот гуфт, ки ин дидор бахше аз мулоқоти дуқисмата дар раванди таҳияи сафари давлатии Раҳмон ба Русия аст, маълум шуд, ки дар гуфтушуниди Завидово ягон чизи мушаххас ва воқеъӣ рӯй нахоҳад дод. Маскав аз ибтидо ҳамаи интизоротро маҳдуд ба он кард, ки посухҳои ниҳоиро ва пурсишҳо наметавон пеш аз сафари давлатӣ ба даст овард."

Радиои Озодӣ:
Пас ба чӣ далел сухангӯи ҷаноби Медведев натиҷаҳои мулоқотро мусбат унвон кард?

Аркадий Дубнов
Аркадий Дубнов:
"Ба назари ман натиҷаи мусбат ин буда метавонанд, ки ба Медведев муяссар гашт, оташи эҳсосоти раҳбари тоҷикро як андоза паст кунад, зеро Раҳмон зоҳиран омода буд, ба тағйири шартҳои ҳузури нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон пойфишорӣ кунад, махсусан ба шартҳои мавҷудияти пойгоҳи 201 Русия ва маркази дидбонии кайҳонии "Окно" ва ҳамчунин дар мавриди созишномаи нави марбут ба фурудгоҳи Айнӣ. Ман бархе аз аснодро, ки ҳанӯз ба мулоқоти аввали моҳи феврал омода мешуданд, нақл карда будам ва он ҷо тарафи Тоҷикистон мавқеъи сахте дошта, барои истифодаи пойгоҳ ва "Окно" талабҳои мушаххас гузоштааст ва гуфта мешуд, Тоҷикистон ба истифодаи бепули Русия аз фурудгоҳи Айнӣ розӣ нест.

Хуллас, фарҷоми мусбати мулоқоти Завидово метавонад, ин бошад, ки чунин пархошҷӯёнагии рӯҳияи Душанбе шояд каме ҳамвор шуд ва мумкин аст ба Раҳмон ваъда карданд, ки баъзе ҷанбаҳои шарту шароити навро бо назардошти дархостҳои Тоҷикистон баррасӣ хоҳанд кард."

Радиои Озодӣ: Аммо аз он чӣ дар телевизион ё тасвирҳо аз мулоқот дида мешавад, маълум нест, ки ҷаноби Раҳмон бо рӯҳияи тавре шумо мегӯед, пархошҷӯёна ба Маскав омада бошад.

Аркадий Дубнов:
"Ба фикри ман, вақте ба Раҳмон чунин эҳтиром ва таваҷҷӯҳи хоси меҳмони олирутбаро нишон доданд ва ӯро ба шикоргоҳи маҳшури Завидово оварданд, ки ҷои дӯстдоштаи раҳбарони шӯравӣ, Никита Хрушев ва Леонид Брежнев буд ва ба ин ҷо одатан раҳбарони машҳуреро ба монанди Фидел Кастро ё сарвари коммунисти Ҳабашистон Менгисту Хайле Мариаме ва дигар доҳиёни босуботи идеологиро даъват мекарданд, ва вақте ки ба ӯ чунин эҳтироми махсус нишон дода шуд, вай Раҳмон ҳамчун як шахси дорои мафкураи шарқӣ наметавонист, ба худ иҷозаи лаҳни тунди гуфтушунид бо сарвари Русияро бидиҳад."

Радиои Озодӣ:
Бархе аз коршиносон навиштаанд, мақсади Маскав ин аст, ки вақтро кашол диҳад ва дар ин байн вазъ дар Тоҷикистон боз ҳам бадтар шуда, Раҳмон ба қабули ҳама гуна пешниҳодҳои Маскав омода гардад. Назари шумо чист?

Аркадий Дубнов: "Бале ман ин навиштаҳоро хондам. Ба фикрам, ин ҷо ҳақиқате ҳаст. Ҳарчанд вазъият дар Тоҷикистон нисбат ба зимистони гузашта каме беҳтар аст, бо сабаби бӯҳрон на танҳо дар ин ҷо дар ҳамаи кишварҳои муштаракулманофеъ вазъ бадтар хоҳад шуд. Аммо навиштаҳое, аз қабили ин ки Тоҷикистон пойгоҳи амрикоиро мепазирад ва ҳамаи интизориҳо аз ин ҷост, поя надорад. Ин бӯҳрон аст, ки бо вуҷуди кӯмакҳои Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон вазъи иҷтимоиро дар ин ҷо сангинтар мекунад. Ба ҳар ҳол гумон аст, ки вазъ беҳтар аз ҳоло шавад ва чунин арзёбиҳо дар ин ҷо метавонанд барҳақ бошанд."

НИГОҲЕ АЗ ДУШАНБЕ

Чанде аз коршиносон дар пойтахти Тоҷикистон мегӯянд, ба ҳар навъе ки бошад, нахустин бор дар 17 соли охир бори аввал мақомоти
Ман гуфта будам, ки ин сафар ҳам барои ҷомеа ва ҳам барои давлати Тоҷикистон як имтиҳон хоҳад буд...
кишвар ба худ иҷоза доданд, ки аз рафтор ва гуфтори мақомоти Русия изҳори ранҷиш кунанд.Таҳлилгари тоҷик, корманди радиои ғайридавлатии "Имрӯз" Раҷаби Мирзо ин ҳодисаро раванди тозае дар амалкардҳои мақомоти кишвар номид. Рӯзи чаҳоршанбеи 25-уми феврал бо ӯяк мусоҳибаи телефонӣ анҷом додем.

Радиои Озодӣ: Ҳанӯз пеш аз сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Маскав шумо дар мусоҳиба бо радиои Озодӣ аз стратегияи нав дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон сӯҳбат кардед. Ҳоло, пас аз мулоқоти Раҳмон ва Медведев ақидаи шумо иваз шуд ё тақвият ёфт?

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо:
"Ақидаи ман ҳамон гуна ки буд боқӣ монд. Ман гуфта будам, ки ин сафар ҳам барои ҷомеа ва ҳам барои давлати Тоҷикистон як имтиҳон хоҳад буд. Имтиҳон ба он маънӣ, ки ҳукумат то кадом андоза метавонад аз манфиатҳои миллӣ ҳимоят кунад ё ҳадди ақал дар фикри онҳо бошад. Натиҷаҳои мулоқот ҳанӯз ифшо нашудаанд ва ҳамчунин мо намедонем, дар дидори чашм ба чашм ду раҳбар ба ҳам чиҳо гуфтанд. Аммо маълум аст, натиҷаҳо ба он дараҷа нестанд, ки хостаҳои Кремл бароварда шуда бошанд, вагарна мо дар ин бора ба таври рӯшан изҳороте мешунидем. Худи ин нишон медиҳад, ки Душанбеи расмӣ дар мавқеъгириҳои худ устувор мондааст."

Радиои Озодӣ: Бубинед, чанд лаҳза пеш бо коршиноси маскавӣ, Аркадий Дубнов сӯҳбат мекардам, ки мегуфт, натиҷаи асосӣ каме ором кардани президент Раҳмон буд ва паёми дигаре садо надодааст.

Раҷаби Мирзо: "Бар ҳар ҳол маълумоти ошкору мушаххасе дар даст нест. Аммо ҳамин рӯз порлумони Тоҷикистон қароре қабул кард, ки иншооти стратегии кишвар, ба монанди нерӯгоҳҳои Роғуну Норак ва корхонаи алюмин ба ҳеҷ ваҷҳ хусусӣ карда намешаванд. Гумон мекунед, ин як тасодуф аст? Ман чунин гумон намекунам. Амалкарди ғайримуқаррарии порлумони Тоҷикистон далели ин аст, ки ин иқдом ҳисобшуда мебошад."

Рад иои Озодӣ: Мулоқоти Маскав нишон дод, бо вуҷуди он ки Русия омодагияш ба иҷрои ваъдаҳои қаблиро эълон накард, Тоҷикистон ҳамоно умедвори он рӯз аст, пас тағйир чист?

Раҷаби Мирзо: "Тибқи баёнияҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон ихтилоф миёни Душанбе ва Маскав ҳарчанд вуҷуд дорад, ба андозае нест, ки дурии ду тарафро ба миён орад. Аммо дар сафари аврупоияш раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ҳанӯз Амрико пешниҳод накардааст, ки нерӯҳояшро дар Тоҷикистон ҷобаҷо кунад ва афзуд, агар чунин пешниҳод шавад, мо онро баррасӣ мекунем.

Ин нишон медиҳад, ки мақомоти Тоҷикистон ба Маскав ё дигар бовар надоранд ва ё агар ҷиддитар бигирем, мехоҳанд, бозии Маскавро дар минтақа шикаст диҳанд. Бозиеро, ки Кремл фикр мекунад, бо пул ҳама чиро мешавад харид ва ба манфиати худ гардонд. Аммо ҳамаи кишварҳои минтақа акнун ин бозиро медонанд,сабақ гирифтанд, тавре Қирғизистон аз он суд бардошт ва ҳам медонанд, ки қудрати молиявии Русия чӣ қадар асту аз кишварҳои Аврупо ё абарқудратҳои дигар."

Радиои Озодӣ: Ваъдаи посухҳои ниҳоӣ ба сафари давлатии ҷаноби Раҳмон вогузор шуд, ки қарор аст, то поёни сол баргузор шавад. Оё ин кашол додани вақт то замони боз ҳам бадтар шудани авзоъ дар Тоҷикистон нест?

Раҷаби Мирзо: "Ман фикр мекунам, ки ин танҳо ҷанбаъҳои иҷтимоиву иқтсодӣ буда метавонад. Аммо дар баробари ин имкониятҳои дигаре низ рӯ мезанад. Масалан, ҳар лаҳза имконоти ҷойгир кардани нерӯҳои Амрико дар минтақа ба як масъалаи бузург табдил меёбад ва ин ҳолат имкониятҳои Душанберо дар расидан ба ҳадафҳояш, талаб кардани хостаҳояш аз Кремл маҳдуд намегардонад."

Радиои Озодӣ: Агар ба дохили Тоҷикистон нигоҳ кунем, оё ҳолате ба миён наомадааст, ки дар симои Русия ва Узбакистон мо соҳиби душманони беруна шудаем, то ба иттиҳоди ҳамагонӣ даст ёбем ва оё ин ба манфиати сулолаи ҳоким нест, ки таваҷҷӯҳи мардум аз он ба дур меравад?

Раҷаби Мирзо: "Ба фикри ман, мо бояд ахиран ба ин нуқта расида бошем, ки дигар душманони худро аз хориҷ ҷустуҷӯ накунем, Албатта, ин гуна имкон ва андешаро рад карда ҳам намешавад ва наметавон онро нодида гирифт, вале ҳамеша такия задан ба онҳо ҳам, фикр намекунам, ба манфиати кишварҳо бошад.

Дар асл мушкилоти на танҳо Тоҷикистон, балки ҳамаи кишварҳои минтақа ва Осиёи Марказӣ дар як чиз аст, ки бештар ба масъалаҳои системавӣ дахл дорад. Яъне системае, ки имрӯз дар ин кишварҳо роҳандозӣ шудааст ва он аслан зидди арзишҳои демократист, сабаби рӯ задани ана ҳамин гуна мушкилот мегардад. Яъне дар 18-20 сол иваз нашудани раҳбарони кишварҳо метавонад, ки мушкилоти аз ин ҳамбештареро ба вуҷуд орад."
XS
SM
MD
LG