Пайвандҳои дастрасӣ

Тааҳҳуди Тошканду Ишқобод дар мавриди транзит


Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов имрӯз гуфт, ин кишвар транзити молу колоҳои ғайринизомии Амрико ба Афғонистонро тавассути қаламраваш иҷозат додааст. Каримов дар нишасти бо ҳамтои туркманаш Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов муштараки хабарӣ дар Тошканд аҳамияти ин қарордодро “хеле бузург” номид. Тошканд соли 2005, дар пайи интиқоди шадиди байналмилалӣ аз рӯйдодҳои хунини Андиҷон, пойгоҳи ҳавоии Амрико дар минтақаи Хонободи вилояти Қарширо баста буд. Бердимуҳаммадов низ гуфтааст, ки Туркманистон истифодаи ҳарими ҳавоияш ба хотири интиқоли колоҳои башарӣ ба Афғонистонро иҷозат додааст. Ишқобод алакай ба паймони НАТО иҷозат додааст, дар роҳ ба сӯи Афғонистон дар Туркманистон такмили маводи сӯхт кунанд.
XS
SM
MD
LG