Пайвандҳои дастрасӣ

Содироти Ҷопон дар моҳи январ 45 % коҳиш ёфт


Ҷопон мегӯяд, содироташ дар моҳи январ назар ба як соли қабл 45 дарсад коҳиш ёфтааст, ки нишондиҳандаи нави рекордӣ барои ин кишвар аст. Вазорати молияи Ҷопон гуфт, касри тиҷорати хориҷии кишвар 9,9 миллиард долларро ташкил дода, инак моҳи чорум аст, ки ҳаҷми воридот назар ба ҳаҷми содироти Ҷопон зиёдтар шудааст. Пойин рафтани талабот дар бозорҳои Амрикову Аврупо, аз ҷумла мунҷар ба 69 дарсад коҳиш ёфтани содироти мошинҳои сохти Ҷопон дар моҳи январ шудааст.
XS
SM
MD
LG