Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико ба хуруҷи нирӯҳояш аз Ироқ оғоз мекунад


Кохи Сафед мегӯяд, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба судури қароре омодагӣ мегирад, ки аз Ироқ берун кашидани даҳҳо ҳазор сарбози амрикоиро то моҳи августи соли оянда дар назар дорад. Ба гуфтаи мақомот, интизор меравад, ки Обама ин барномаи бузурги хуруҷи нирӯҳои Амрикоро дар ҳафтаи равон эълон кунад. Ин манобеъ афзудаанд, ки шуморе аз нирӯҳои Амрико то поёни соли 2011 дар Ироқ хоҳанд монд. Феълан дар Ироқ ҳудуди 142 000 сарбози Амрико адои хидмат мекунад, вале бар асоси қарордод бо давлати Ироқ, Амрико муваззаф шудааст, нирӯҳояшро то поёни соли 2011 аз он кишвар комилан берун бикашад.
XS
SM
MD
LG