Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷилавгирӣ аз як талоши қочоқи аслиҳа ба Чин


Додситони низомии Русия Сергей Фридинский гуфт, як идда аз мақомоти аршади нирӯҳои баҳрии Русия бо иттиҳоми талоши ба Чин фурӯхтани таслиҳоти қочоқӣ таҳти таҳқиқ қарор доранд. Ин афрод ба сирқати таслиҳот ба маблағи 18 миллион доллар муттаҳам мешаванд. Хабаргузории Интерфакс аз қавли Фридинский навишт, чанд мақоми артиши дарёии Русия ҳамроҳ бо тоҷирон ин таслиҳотро ба Тоҷикистон интиқол додаанд, то ки баъдан ба таври қочоқӣ ба Чин бифурӯшанд. Таслиҳоти дуздишуда аз 30 мушаки зидди киштиҳои зериобӣ ва 200 бомби ҳавоӣ иборат будааст.
XS
SM
MD
LG