Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи олӣ низ Шарифро ба интихобот роҳ надод


Додгоҳи олии Покистон имрӯз аз қароре пуштибонӣ кард, ки Навоз Шариф, раҳбари бузургтарин ташаккули сиёсии мухолифини кишвар, ва бародари ӯ - Шаҳбоз Шарифро аз ҳаққи ширкат дар интихобот маҳрум мекунад. Ҳукми додгоҳ ҳамчунин Шаҳбоз Шарифро маҷбур мекунад, симати нахуствазири Панҷоб ва курсии вакилӣ дар маҷлиси ин пурҷамъияттарин вилояти Покистонро низ холӣ кунад.
Бар асоси ҳукми ҳанӯз дар моҳи июни соли гузашта баровардаи додгоҳи шаҳри Лоҳур, Навоз Шариф, ки соли 1999 дар натиҷаи табаддулоти давлатӣ ба раҳбарии Парвиз Мушарраф аз мақоми сарвазирии Покистон барканор шуд, ба далели доғи ҳукми додгоҳӣ доштанаш, ҳаққи ширкати дубора дар интихоботро аз даст медиҳад. Аммо давлати феълии Покистон бознигарии ҳукми ин додгоҳро тақозо карда буд.
XS
SM
MD
LG