Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ба озмоиши нирӯгоҳи ҳастаии Бушаҳр оғоз кард


Эрон мегӯяд, дар чаҳорчӯби омодагӣ ба оғози фаъолияти нирӯгоҳи ҳастаии Бушаҳр, ки тавассути Русия сохта шудааст, ба корҳои озмоишӣ дар ин нирӯгоҳ шурӯъ кардааст. Мӯҳсин Шерозӣ, сухангӯи созмони ҳастаии Эрон, гуфт, корҳои омодагӣ дар Бушаҳр ҳанӯз 10 рӯз пеш оғоз ёфтаанд. Ӯ афзуд, имрӯз раҳбари созмони ҳастаии Эрон Ғуломризо Оқозода ва ҳамтои русаш Сергей Кириенко аз нирӯгоҳи Бушаҳр дидан карда ва бо ҷараёни омодагиҳо ба мавриди истифода қарор додани ин корхонаи ҳастаӣ аз наздик ошно шудаанд. Кириенко имрӯз дар Бушаҳр марҳалаи кунуниро як марҳалаи муҳим дар роҳи ба кор андохтани ин нирӯгоҳи ҳастаӣ номид. Нирӯгоҳи Бушаҳр, ки иқтидораш наздики 1000 мегаватт баровард шудааст, бар асоси як қарордоди якмиллиарддолларӣ бо Русия сохта шуда, дар соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG