Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе сафари Раҳмонро пурсамар номид


Душанбе натоиҷи сафари кӯтоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русияро мусбат номидааст. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба ИТАР-ТАСС гуфт, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои русаш Дмитрий Медведев хеле мусбат ва пурсамар буд. Ба гуфтаи оқои Шарифзода, дар ин дидор, ки бахши аъзамаш пушти дарҳои баста сурат гирифт, кулли масоили муносиботи дуҷониба, аз ҷумла дар соҳоти иқтисодӣ, обу энержӣ, низомиву фаннӣ ва амнияти минтақа баррасӣ шудааст. Гуфта мешавад, ҷонибҳо бунёди нирӯгоҳи аввали Сангтӯдаро намунаи хуби ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия номида, ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои фаъолона дар тарҳҳои дигари энержӣ тавофуқ кардаанд.
XS
SM
MD
LG