Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хусусигардонии се корхонаи бузургро манъ карданд


Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон, бо вуруди тағйирот ба қонуни хусусигардонии моликияти давлатӣ се корхонаи аз нигоҳи стратегӣ муҳими кишвар – нирӯгоҳҳои Нораку Роғун ва ТАЛКО – ширкати алюминсозии Тоҷикистонро шомили феҳрасти корхонаҳое кард, ки хусусӣ гардондани онҳо қатъиян манъ шудааст. Ин феҳраст ҳамчунин корхонаҳои саноати низомӣ ва муассисаҳои марбут ба риштаи обро фаро мегирад. Ба гуфтаи вакилони Маҷлиси намояндагон, боқӣ корхонаҳои монополии кишвар метавонанд мавриди ислоҳоти сохторӣ ва ҳатто хусусигардонӣ қарор бигиранд.
XS
SM
MD
LG